"Суоли зиёд надиҳед", "вақт тамом шуд"...Пурсишу посух бо вазирон чӣ гуна гузашт?
     TJ RU EN
08:43 / 2024-11-16

"Суоли зиёд надиҳед", "вақт тамом шуд"...Пурсишу посух бо вазирон чӣ гуна гузашт?

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ дар пайи анҷоми нишастҳои хабарии мақомоту идораҳо гуфт, "ин нишастҳо талаботи хабарнигоронро пурра қонеъ намекунад". Хабарнигорон дар суҳбат ба ин созмон гуфтаанд, роҳбарони аввал баъзан худашон ба нишастҳо намеоянд ва ё аз ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон бо ҳар баҳона худдорӣ меварзанд. Аммо мақомот ин гуна андешаҳоро рад карда, мегӯянд, онҳо дар нишастҳои хабарӣ ба ҳама суолҳо "посухи мушаххас" медиҳанд. Нишастҳои хабарии вазорату идораҳо, ки дар як сол ду дафъа мегузарад, ин бор аз 27-уми январ то 18-уми феврал идома кард. НАНСМИТ дар рӯзи ахири нишастҳои хабарӣ назарпурсиеро нашр кард, ки дар он аксари рӯзноманигорон гуфтаанд, аз муҳтавои нишастҳои имсола розӣ нестанд. "Аввал ман маълумотнома мехонам баъд суол диҳед", "аз як суол зиёд надиҳед", "як соат вақти ҷудошуда тамом шуд",- аз намунаҳое мебошанд, ки ба гуфтаи хабарнигорони тоҷик роҳбарони идораҳо талош мекунанд бо ин роҳ аз посух додан ба суолҳои "доғ" худдорӣ кунанд. Чизе, ки мақомот доимо онро рад кардаанд. Баҳманёр Надиров аз хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, худи ӯ аз нишастҳои хабарӣ посухҳои қонеъкунанда гирифта натавонист. Ба гуфтаи ӯ, "бештари роҳбарон тақрибан нисфи нишастро ба хондани варақаи иттилоотие сарф мекунанд, ки аллакай дар дасти хабарнигорон ҳаст. Ин кор ягон зарурат надорад". Ба ин монанд аксар хабарнигорони расонаҳои мустақил аз нишастҳои ахири мақомот норозианд. Баръакс рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои давлатӣ кор мекунанд, аз ин нишастҳо ситоиш мекунанд. Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Садои мардум", дар назарпурсии НАНСМИТ гуфтааст, "омодагии масъулон ва муносибату муоширати онҳо бо журналистон" рӯ ба беҳтаршавӣ дорад. "Нигаронии ман аз ноогоҳии аксар журналистон доир ба самту аҳдофи фаъолияти вазорату идораҳоест, ки дар нишасти матбуотиаш ширкат варзиданд. Ин аст, ки баъзе саволҳои пешниҳодшуда хандаоваранд ва ё моҳияти шахсӣ доранд", гуфтааст Далер Мерганов. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки на ҳама роҳбарони идораҳо ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд. Аз ҷумла вақте аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар бораи нашри навори маҳрамонаи як фаъоли ҷамъиятӣ дар Интернет пурсида шуд, ӯ гуфт, "агар саволи дигар ҳаст, марҳамат". Ин дар ҳолест, ки дертар дафтари матбуотии ВКД аз ҷараёни нишаст гузориш дод ва навишт, "хабарнигорон ба вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд". Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, худдории роҳбарони аввал боис мешавад, ки зердастони онҳо аз посух додан канор раванд. Аз ҷумла, вақте аз Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа дар бораи хонафурӯшии роҳбари ин ниҳод Бег Сабур суол карданд, ҳарфе ба забон наовард. Рӯзноманигорони тоҷик мегӯянд, агар ҳадаф аз баргузории нишастҳои матбуотӣ агар додани иттилоъ ба рӯзноманигорон аст, пас, бояд шеваи баргузории чорабиниҳо тағйир дода шавад. Аз ҷумла, вақти асосӣ бо хондани варақаҳои матбуотӣ банд нашуда, вақти нишаст ҳам ба як соат маҳдуд нашавад. Дар гузашта раҳбарони идораҳои давлатӣ муваззаф буданд, ки дар ҳар се моҳ дар баробари журналистон аз фаъолиятҳои худ гузориш диҳанд, аммо баъди муддате ин муқаррарот то ду бор дар як сол маҳдуд шуд. Дар баробари мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар манотиқи кишвар ҳам масъулин бо хабарнигорон ҳамингуна соле ду бор нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима